Ба блог баргаштан
«Мастурбатсияи мағзи сар » чист?
29 апреля 2026 г.4 дақиқа хондан9 дидан

«Мастурбатсияи мағзи сар » чист?

Ин ҳолатест, ки ту маълумоти нав мехонӣ ё пайваста видеоҳои мотивасионӣ тамошо мекунӣ ва ба иллюзия меафтӣ, ки гӯё рушд карда истодаӣ. Аммо дар ҳақиқат ин тавр нест. Донистани ягон чиз маънои онро надорад, ки т...

Ин ҳолатест, ки ту маълумоти нав мехонӣ ё пайваста видеоҳои мотивасионӣ тамошо мекунӣ ва ба иллюзия меафтӣ, ки гӯё рушд карда истодаӣ.

Аммо дар ҳақиқат ин тавр нест.
Донистани ягон чиз маънои онро надорад, ки ту онро иҷро карда истодаӣ.

Мо он шахсе нестем, ки танҳо дар дохили сари мо зиндагӣ мекунад.
Дар воқеият, мо ҳамон амалҳое ҳастем, ки анҷом медиҳем.

Набояд ба ин иллюзия афтод:
«Ман инро медонам — пас гӯё аллакай онро анҷом додаам».

Масалан, дили ту ба ҳоли ягон инсон сӯхт. Хуб, шояд ту инсони меҳрубон бошӣ.
Аммо агар мувофиқи имконият ва шароити худ ба ӯ кумак накардӣ — на бо пул, на бо як табассум ва ҳатто на бо як дуо — пас танҳо дилсӯзӣ ҳанӯз кумак нест.

Ва агар воқеан кумак карда бошӣ, аз худат ростқавлона бипурс:
оё ин корро барои нафс, эго, дофамин, таърифи мардум, лайкҳо, комментарияҳо ва диққати дигарон накардаӣ?

Дар масъалаи даромад ва пул ҳам ҳамин қоида кор мекунад.
Даромади ҳалол қариб ҳамеша бо амал пайванд дорад: бо меҳнат, фоида расондан, масъулият ва арзиши воқеӣ.

Аз ҳаёти шахсии худ боз як чизро илова мекунам, ки каме парадокс менамояд.
Вақте ман танҳо дар бораи пул фикр мекардам ва пулро дар ҷои аввал мегузоштам, ба як дом афтодам: гӯё дар як давра давр мезадам, ва ин давра ҳар рӯз тангтару фишоровартар мешуд.

Муҳим аст фаҳмем: пул набояд маркази зиндагии мо бошад.
Мо танҳо барои ҳамин офарида нашудаем.

Пул як восита аст. Бо он ҳам кори хуб кардан мумкин аст ва ҳам кори бад.

Дар дигар соҳаҳои зиндагӣ ҳам ҳамин принсип кор мекунад.
Агар ту ягон инсонро — масалан, як духтарро — маркази зиндагии худ қарор диҳӣ, ҳамон парадоксро мебинӣ.

Агар ту фақат аз паси харизма давӣ, маҳз ҳамон харизмаро аз даст медиҳӣ.
Ин ҳам як парадокс аст.

Мисоли дигар: ту видеоҳои динӣ тамошо мекунӣ, бо ҳамааш розӣ мешавӣ, лайк мемонӣ, ба дӯстон мефиристӣ ва репост мекунӣ.
Аммо дар амал ҳеҷ чизеро аз он иҷро намекунӣ.

Ин метавонад нишонаи он бошад, ки ту ин корро барои тағйир додани худ намекунӣ, балки барои дофамине мекунӣ, ки аз муҳит мегирӣ:

«Бинед, чӣ қадар Худотарс аст».
«Чӣ қадар боақл аст».
«Чӣ суханҳои дуруст мегӯяд».

Аммо дар воқеият ту намоз намехонӣ.
Ё мехонӣ, аммо барои мақом, образ ва эго дар назди мардум.

Ин метавонад аз мушкил дар ихлос, интизом ва имон хабар диҳад.
Бояд ростқавлона фаҳмӣ: ту барои кӣ намоз мехонӣ ва дар асл барои чӣ ин корро мекунӣ?

Бояд бо худат суҳбати рост дошта бошӣ, то ихлос — самимияти ҳақиқӣ — пайдо шавад.

Мисоли дигар: ту медонӣ, ки ҳиҷоб фарз аст, аммо онро риоя намекунӣ ва барои худ баҳона меёбӣ.
Аммо баъзан ҳақиқат ин аст, ки мушкил дар камбуди дониш нест, балки дар вобастагӣ аз фикри мардум, диққат, лайкҳо, комментарияҳо ва таъриф аст.

Дар натиҷа: мо фаришта нестем.
Ҳамаи мо гунаҳкорем.

Ва дар як рӯз ислоҳ намешавем — на аз ҷиҳати физиологӣ ва на аз ҷиҳати равонӣ, зеро муҳит аллакай ба мо таъсири худро расондааст.

Муҳимтаринаш ин аст, ки роҳи ислоҳ, роҳи беҳтар шудани худ ва роҳи худшиносии ҳақиқиро пайдо кунем.
Ба назари ман, роҳи аз ҳама комилро барои ин ислом медиҳад.

Аммо бидонед: дар ин роҳ подоши бузург ҳаст.

Дар ин дунё — фаҳмидани маънои зиндагӣ, мустақил шудан аз фикри мардум ва диққати онҳо, оромии қалб, боварӣ ба худ, баракат, шукргузорӣ ва ҳисси хушбахтӣ дар ҳар ҳолат.
Ин инсонро аз бесарусомонӣ ва хаоси дохили сар наҷот медиҳад.

Ва дар охират — Биҳишт.

Як бор ростқавлона фикр кун:
сабаби ғам, депрессия, торикии дохилӣ ва хаоси зиндагии ту дар чист?

Шояд ба ҷавоб наздиктар шавӣ.

Умедворам хонандагони ин пост ба он сатҳи дарунӣ расидаанд, ки инро фаҳманд.

Ин ҳама — фикрҳои ман, хулосаҳои ман ва нигоҳи шахсии ман аст.
Агар дар чизе хато кунам — маро ислоҳ кунед.

Бихонед ва амал кунед.

Худро аз ғуломии рилсҳо, тамошои беохири контент, китобҳои бе амал ва инстинктҳои паст озод кунед — он чизҳое, ки моро танҳо ба истеъмол кардан маҷбур мекунанд, аммо тағйир намедиҳанд.

GPT фақат хатоҳои грамматикии маро ислоҳ кард.

Шарҳҳо

Ҳоло шарҳе нест. Аввалин бошед!

Шарҳ гузоред